ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳусом Абдукарим Юсуф ваколатдори махсуси Додгоҳи олии Ироқ дар таҳқиқи парвандаи занон ва кӯдакони тоҷик мебошад.
Ба иттилои мнабаъ, намояндаи Додгоҳи олии Ироқ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба қазияҳои занону кӯдакони тоҷик, ки тавассути шавҳарон ва ё волидони гумроҳ ба майдонҳои ҷанг дар Ироқ ва Сурия бурда шудаанд, истиқбол кард.
Абдукарим Юсуф омодагии мақомоти қазоии Ироқро ба ҳамкории наздик бо сафорати Тоҷикистон барои дар наздиктарин фурсат ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик таъкид кард.
ВУХ Тоҷикистон афзуд, ки намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар бинои Суди марказии таҳқиқоти ҷиноии Ироқ бо модарони кӯдакони тоҷик суҳбатҳои ҷудогона анҷом дода, аз вазъи будубоши онҳо ва кудаконашон огоҳ шуданд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо намояндагони Бунёди кудакони СММ – ЮНИСЕФ беҳтар намудани шароити будубоши кӯдакони тоҷик ва ҳамкориҳои ояндаро дар мавриди баргардонидани онҳо ба Ватан баррасӣ намудаст.
“Қарор шуд, ки ҳамкорӣ ва иқдомҳои муштарак барои мушаххас намудани теъдоди занону кӯдакони тоҷик дар қаламрави Ироқ идома хоҳад ёфт”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ.