“Қотил”-и ду донишҷӯ дар Кӯлоб ба ҳабси абад маҳкум шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкҶаласаи додгоҳӣ
Ҷаласаи додгоҳӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳе дар вилояти Хатлон як донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ба иттиҳоми қатли ду ҳамсабақаш ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳодиси куштор дар авохири моҳи ноябри соли гузашта рух дода буд.

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Амирхон Ҳотамов — як сокинин ноҳияи Темурмалик ва муттаҳами аслӣ дар қатли ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ба ҳабси абад маҳкум шуд, иттилоъ медиҳад "Радиои Озодӣ".

Амонзода Аскаралӣ, додраси ин парванда аз Раёсати коллегияи судии парвандаҳои ҷиноии додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб гуфтааст, додгоҳ 3 март ҳукми худ дар нисбати Амирхон Ҳотамовро содир намуд.

Айбдоршаванда бо моддаи 104, қисми 2, банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне куштори барқасдона, ба ҳабси абад маҳкум шудааст, гуфтааст Амонзода.

Вай гуфт, ки айбдоршаванда то даҳ рӯзи дигар фурсат дорад, ки аз болои ҳукми додгоҳ шикоят барад ва дар ғайри он, ҳукми додгоҳ ба сурати иҷро хоҳад даромад.

Шаби 21 ба 22 ноябри соли гузашта донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Наврӯзи Саидаҳмад ва Ҳокимхон Назаров ба қатл расидаанд ва ҳамсабақи онҳо Амирхон Ҳотамов ҳамчун гумонбар дар ин куштор боздошт шуда буд. Мақомоти интизомии Кӯлоб он замон гуфта буданд, ки Наврӯзи Саидаҳмад ва Ҳокимхон Назаров, донишҷӯёни соли савуми факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки аз маҳаллаи Даҳанаи Кӯлоб буданд, бо зарби корд кушта шуданд.

Барканории ду декани ДДК дар пайи ҳодисаи куштор

Ба гуфаи мақомоти пулиси Кӯлоб, Амирхон Ҳотамов дар як дорухона посбон буда ва шабҳо онҷо мехобидааст. Вале вай рӯзи қабл аз ҳодиса ба утоқи иҷораи Наврӯз ва Ҳокимхон омада, аз боми он кафтар меқапанд ва ҳамроҳ хӯрок мепазанд.

"Амирхон маст будааст. Вақте кафтар меқапанду онро мепазанд, бачаҳоро маҷбур мекунад, ки онҳо низ ҳамроҳаш аз гӯшти кафтар бихӯранд. Наврӯз хоҳишашро рад намуда, мегӯяд, гӯшт бӯй мекунад, намехӯрем. Барои ҳамин Амирхон асабӣ шуда, чоқуро гирифта ба гулӯи Наврӯз мезанад. Ҳокимхон мехоҳад Наврӯзро наҷот диҳад, аммо Амирхон кордро гирифта, дар дили Ҳокимхон мезанад. Дар натиҷа яке дар ҷой ҳодиса ва дигарӣ дар даромадгоҳи бино мефавтанд", — қаблан иттилоъ дода буданд мақомот.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон чанд рӯз баъд дар шарҳи ин "зиёфат"-и хунини рӯзи 21 ноябри донишҷӯёни донишгоҳи Кӯлоб гуфт, ки дар он 5 нафар ширкат доштаанд ва Амирхон Ҳотамови 23-сола, ки ду донишҷӯро куштааст, посбони як ширкат будааст.

Дар матлаби нашршуда дар сомонаи расмии ин вазорат бо номи "Куштори ду нафар донишҷӯ" гуфта мешуд, ки "Рӯзи 21.11.с.2014, шаҳрванд Ҳотамов Амирхон, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Темурмалик, донишҷӯ, муваққатан посбони яке аз фирмаҳои ш. Кӯлоб бо ҳамроҳии рафиқонаш: Ҳакимҷони Маҳмадалӣ соли таваллудаш 1991, донишҷӯ, Наврӯзшоҳ Саидаҳмад соли таваллудаш 1995, донишҷӯ, Ҷахонгири Искандар, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлоб, Сафаров Эмомназар соли таваллудаш 1996, донишҷӯ, сокини н. Шӯрообод ва Сафаралӣ Файзиддин соли таваллудаш 1992, донишҷӯ, сокини н. Ховалинг барои хурдани хӯроки шом дар ҷойи кораш ҷамъ мешаванд".

Бино бар ин манбаъ, дар ҷараёни зиёфат байни онҳо муноқишае ба миён меояд ва "Ҳотамов А. бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба гулӯи Наврӯзшоҳ С. ва як маротиба ба қисмати шиками  Ҳакимҷони М. задааст, ки дар натиҷа Наврӯзшоҳ С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Ҳакимҷони М. ҳангоми ҷарроҳӣ дар беморхона ҳалок гардидааст. Гумонбаршуда Ҳотамов А. аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, ҳодисаи мазкур таҳти тафтишот қарор дорад".

Дар пайи ин ҳодиса, деканҳои ду факултаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз симматашон барканор шуданд.

Лентаи хабарҳо
0