ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати умури дохилии Душанбе, давоми 8 рӯзи аввали соли 2019 маъмурини милиса 42 ҳолати шикастани оина ва дуздӣ аз дохили автомашинаҳоро ошкор кардаанд.
Манбаъ афзуд, бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноятҳо се гуруҳи ҷавонон боздошт шудаанд, ки асосан бо мақсади дилхушии чандлаҳзаина дар марказҳои фароғатӣ даст ба дуздӣ задаанд.
Ба иттилои ВУД, шаби 8 январ дар ноҳияи Сино ҳангоми содир кардани ҷиноят Полвонов Диловар, сокини шаҳри Ҳисор дастгир шуд.
“Муайян карда шуд, ки номбурда дар рӯй ниқоб пӯшида, бо атвёркаву болға мусаллаҳ гашта, дар ҳудуди кӯчаи Испечаки ноҳияи Сино асосан воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии тамғаи “Мерседес-Спринтер”-ро мавриди дуздӣ қарор додаст. Ӯ бо чунин тарз, яъне шикастани оинаи автомашинаҳо аз дохили зиёда аз 15 воситаи нақлиёт маблағҳои пуливу телефони мобилӣ рабудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, дар ноҳияи Сино инчунин Наврӯзи Шералӣ, сокини 25-солаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Валиев Фирӯз, сокини 21-солаи ноҳияи Восеъ бо иттиҳоми содир намудани як қатор дуздиҳо, асосан дар маҳаллаи Гипрозем дастгир шудаанд. РВУД ин гуруҳро дар 21 ҳолати дуздӣ ва расонидаи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ зарар ба шаҳрвандон айбдор кардааст.
Гурӯҳи сеюм - Толиб Шарипов, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе ва Алиев Бахтиёр, истиқоматкунандаи 20-солаи пойтахт мебошанд, ки 8 январ дастгир шуда, ба иттилои мақомот танҳо дар як шаб шишаҳои 6 воситаи нақлиётро шикаста маблағ ва дигар ашёҳоро дуздидаанд.
ВУД бо такя ба иқрори гумонбаршудагон таъкид кардааст, ки ҳадафи ҷавонони муттаҳам ба даст овардани маблағи муфт ва истироҳати чандлаҳзаина дар марказҳои фароғатӣ мебошад. Мақомот аз волидон даъват кардаанд, ки монеаи шабгардии фарзандонашон шаванд, чун маҳз беҳудагардии шабона ин ҷавононро ба роҳи хато бурда, оқибат ҷинояткор намудааст.
Феълан алайҳи боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.