ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва “Амонатбонк”-ро вазифадор намуд, саҳмияҳои мардум ва ширкатҳоро дар ҷамъияти барҳамхӯрдаи “Сангтӯда” ҳисоб кунанд ва арзиши номиналии онро пардохт намоянд.
Мардум ва ширкатҳо дар Тоҷикистон саҳмияҳои ҶСК “Сангтӯда”-ро солҳои 90-уми асри гузашта харида буданд, вале баъдан дар заминаи он “Сангтӯда – 1” ташкил карда шуд, ки 75 дарсади саҳмияҳои он ба Русия ва боқимонда ба Ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ доранд.
Феълан Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, аз ҳисоби фоидааш аз фаъолияти нерӯгоҳи “Сангтӯда -1” 10 миллион сомониро барои пардохти маблағи мардуму корхонаҳое, ки саҳмияҳои ин нерӯгоҳро харида буданд, равона кунад.
Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон, охири моҳи декабр имзо намудааст, Ҳукумати Тоҷикистон фоидааш аз фаъолияти нерӯгоҳи “Сангтӯда 1”- ро дар солҳои 2017, 2016 ва солҳои қаблӣ ҳудуди 57,5 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст.
Тибқи қарори Ҳукумат, аз “Сангтӯда-1” талаб шудааст, ки 6 миллиону 894 ҳазор сомониро ҳамчун андоз аз дивидендҳо ба буҷа пардохт намояд ва беш аз 50 миллиону 560 ҳазор сомониро ба суратҳисоби хазинадории марказии Вазорати молия гузаронад.
Вазорати молия муваззаф шудааст, аз ин маблағҳо 40,5 миллион сомониро барои пардохти қарзи “Барқи тоҷик” дар назди “Сангтӯда-1” равона кунад.
Раиси Ҳукумат дастур додааст, 10 миллион сомонии дигар барои пардохти арзиши номиналии саҳмияҳои мардуму ширкатҳо дар ҷамъияти барҳамдодашудаи “Сангтуда” истифода шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарор кардааст, ки барои коҳиши қарзи “Барқи тоҷик” дар назди “Сангтӯда – 1” қарзи андози нерӯгоҳ, ки то 15 ноябри соли 2018 ба 47 миллион сомонӣ баробар шудааст, “бахшида” шавад.
Ҳукумат "Барқи тоҷик" ва Кумитаи андози Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки расмиёти марбут ба ҳисобаробаркуниҳоро анҷом диҳанд.
Қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" беш аз 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон буда, ҳудуди 12 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад ва харидори асосии барки нерӯгоҳ ширкати "Барқи тоҷик" мебошад.