https://sputnik.tj/20190109/Darkhosti-Rustami-Emomal-baroi-taftishi-faoliyati-shardor-az-Ozhonsii-muboriza-bo-korrupsiya-1027913679.html
Дархости Рустами Эмомалӣ аз Ожонсии мубориза бо коррупсия барои тафтиши фаъолияти шаҳрдорӣ
Дархости Рустами Эмомалӣ аз Ожонсии мубориза бо коррупсия барои тафтиши фаъолияти шаҳрдорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини шаффофият ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ аз Ожонсии мубориза бо коррупсия дархост намудааст, ки... 09.01.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-01-09T09:25+0500
2019-01-09T09:25+0500
2021-07-21T19:31+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102627/81/1026278143_0:0:2179:1231_1920x0_80_0_0_7e564d3e1052c8cfa8ddcc54aba79eaf.jpg
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102627/81/1026278143_0:0:2179:1369_1920x0_80_0_0_c1015a281f36c98e6182372f5ded04b8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, оҷонсии коррупсия, душанбе, рустами эмомалӣ
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, оҷонсии коррупсия, душанбе, рустами эмомалӣ
Дархости Рустами Эмомалӣ аз Ожонсии мубориза бо коррупсия барои тафтиши фаъолияти шаҳрдорӣ
09:25 09.01.2019 (Навсозишуда: 19:31 21.07.2021) Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини шаффофият ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ аз Ожонсии мубориза бо коррупсия дархост намудааст, ки фаъолияти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар соли 2018 тафтиш намояд
ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе аз Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дархост намудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дархости мазкур бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ба ин Агентӣ пешниҳод шудааст.
Инчунин манбаъ ёдрас шудааст, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлату Ҳукумати кишвар буда, дар ин самт Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва “Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Тоҷикистон” қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.