Зане дидаву дониста мардро гирифтори бемории “ВНМО” кард

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкСимвол всемирного дня борьбы со СПИДом
Символ всемирного дня борьбы со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсия шаҳри Хуҷанд зани 27-солаеро дастгир намуданд, ки дидаю дониста бо марди 20-солаи сокини шаҳри Хуҷанд алоқаи ҷинсӣ намуда, ӯро ба бемории ВНМО гирифтор намудааст

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik.  Кормандони милитсияи вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 27-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд, ки дар қасдан сироят кардани мард бо вируси норасоии масунияти одам айбдор мешавад.

Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти марди душанбегӣ барои сирояти як зан ба ВИЧ

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ номбурда, ба бемории “Вируси норасоии масунияти одам” гирифтор буда, дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. 

“Номбурда, моҳи майи соли 2018 то моҳи сентябри соли 2018 новобаста аз он, ки аз тарафи маркази номбурда оиди бемор буданаш огоҳнома гирифтааст, дидаю дониста бо марди 20-солаи сокини шаҳри Хуҷанд алоқаи ҷинсӣ намуда, ӯро ба бемории ВНМО гирифтор намудааст”,- таъкид намудаасит манбаъ.

кормандони милитсия шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, тафтишотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0