Боздошти марди душанбегӣ барои сирояти як зан ба ВИЧ

CC0 / Pixabay / Ноги, архивное фото
Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди гирифтори ВИЧ дидаву дониста бо як зани душанбегӣ алоқаи ҷинсӣ намуда, ӯро низ олуда кардааст. ВУД менависад, ин кирдори вай ҷиноят ҳисоб мешавад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мардеро дар Душанбе ба иттиҳоми сирояти як зан ба Вируси норасоии масунияти одам, дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 3 октябри  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои бозҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Мард ба иттиҳоми сирояти дигарон ба ВИЧ дастгир шуд, менависад ВУД.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, гумонбаршуда ба  Вируси норасоии масунияти одам гирифтор шуда, худро ба қайди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар Душанбе намондааст.

"Афзун бар ин, ӯ 6-уми августи аз маркази мазкур  огоҳнома гирифтаву, дидаву дониста бо зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе алоқаи ҷинсӣ намуда, номбурдаро ба бемории ВНМО гирифтор намудааст", - афзудааст ВУД.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0