Сироҷиддин Муҳриддин бо хамтоҳои қазокаш дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСироджиддин Мухриддин, архивное фото.
Сироджиддин Мухриддин, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои қазокаш Бейбут Атамқулов дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хоричаи кишвар бо хамтои қазокистониаш Бейбут Атамқулов дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст  дафтари матбуотии Вазорати хораиҷаи кишвар.

Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки низомию техникӣ мерасонад

“Ҳангоми суҳбати телефонӣ вазири умури хоричаи Қазоқистон Бейбут Атамқулов бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ намуданд. Инчунин онҳо  масоили гузаронидани панҷумин конфронси таомул ва эътимодсозии Осиёро, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, баррасӣ намуданд”, - хабар додааст манбаъ.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон Атамқуловро ба муносибати таъйин шуданаш ба ҳайси вазири корҳои хориҷаи Қазоқистон табрик  намуда,  барояш комёбӣ ва ба  кишвараш шукуфоӣ таманно кард.  

Вазирон масоили ҳамкориҳои ду ҷонибаю бисёрҷониба, инчунин омодагӣ  ба дидори машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0