ВУД Тоҷикистон боздошти Тоҳир Маҳмадбоқировро тасдиқ кард

© © Sputnik / Амир ИсаевПост БДА в Хороге, архивное фото
Пост БДА в Хороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боздошти Тоҳир Маҳмадбоқиров, бародари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Бадахшонро расман тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Тоҳир Маҳмадбоқиров бо иттиҳоми “авбошӣ” чаҳор сол боз таҳти пайгард қарор дошт,иттилоъ додааст хабаргузории tajikistantimes.com, дар иқтибос ба ВУД Тоҷикистон.

Масъулин изҳор доштаанд, ки  Тоҳир Маҳмадбоқирови 53-сола ҳанӯз аз соли 2014 бо иттиҳоми авбошӣ таҳти пайгард қарор дошт.

Пост БДА в Хороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон Хурсанд Мазоровро дар тирпаронии шаҳри Хоруғ айбдор кардааст

Хадамоти матбуоти вазорат таъкид намудааст, ки Муҳамадбоқиров бар иловаи таҳти пайгард қарор доштан, бо автомашинаи “Мерседес-Бенс” , бе иҷозаи доштани шишаҳои сиёҳкардашуда дар кӯчаҳои Хоруғ гаштугузор мекард ва нисбати кормандони милиса ҳам дағалӣ нишон додааст.

“Тоҳир Маҳмадбоқиров нисбати кормандони милиса дағалӣ кард ва таҳқир нишон дод ва аз ҷониби кормандони милиса ӯ ва ҳам автомашинааш боздошт шуд”»,-афзудааст ин  манбаъ.

Ба гуфти манбаъ, баъзе хешу табор ва рафиқони Тоҳир Маҳмадбоқиров дар назди Шӯъбаи корҳои дохилии Хоруғ ҷамъ шуда, талаб доранд,ки ӯро озод намоянд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид намудааст, ки то замоне, ки Тоҳир Муҳаммадбоқиров дар назди қонун ҷавоб нагӯяд, озод карда намешавад.

Лентаи хабарҳо
0