Мақомоти Тоҷикистон Хурсанд Мазоровро дар тирпаронии шаҳри Хоруғ айбдор кардааст

© © Sputnik / Амир ИсаевПост БДА в Хороге, архивное фото
Пост БДА в Хороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон дар ҳодисаи ҳамла ба як постгоҳи БДА дар шаҳри Хоруғ Хурсанд Мазоров, яке аз саркардаҳои ҷавонони ин шаҳрро гунаҳкор донист

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Ситоди байниидоравии ниҳодҳои қудратӣ шаби 5-уми ноябр бо пахши як гузориши телевизионӣ Хурсанд Мазоров ба ҳодисаи ҳамла ба як постгоҳи БДА дар маркази Бадахшонро айбдор кард.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов: вазъ дар Бадахшон ором аст

Ситод байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон шарҳ додааст, ки шаби 4 ноябр дар назди посгоҳи БДА дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ гуруҳи ҷавонони ин маҳалла, иборат аз 5 нафар ба мошини хидматии роҳбари посгоҳҳои доимии БДА мақсаднок ҳамла карда, кӯшиши эҷоди монеа ба фаъолияти хизматии ӯ ва ноором кардани вазъи ҷамъиятии шаҳри Хоруғ намуданд.

Мақомот шаҳр додааст, ки баъд аз ҳамла ба худрави хизматии сардори постгоҳ, пулис маҷбур шуд, ки ба сӯи ҳамлагарон аз силоҳҳои махсус бо тирҳои резинӣ оташ кушояд.

Дар натиҷа амали онҳо пешгирӣ гардида, ин гурӯҳи ҷавонон ба самти номаълум фирор карданд.

 Ба гуфтаи манбаъ, ҷавонон ба постгоҳ ҳамла карданд, бо роҳнамоии бевоситаи яке аз саркардагони гуруҳи муташаккили ҷиноии шаҳри Хоруғ Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович амал намуданд.

“Ҳадаф аз ин ҳамла ноором сохтани вазъи ҷамъиятӣ ва қатъи фаъолияти посгоҳҳои доимоамалкунанда мебошад”, - таъкид намудааст ситоди байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон.

Хурсанд Мазоров, яке аз ҳафт нафарест, ки аз онҳо роҳбарони ғайрирасмии Хоруғ ном бурда мешавад. Аммо мақомот онҳоро "саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ" дар Хоруғ медонад.

Дар гузориши видеоии ситоди байниидоравии гуфта мешавад, ки феълан миқдори зиёди маводҳои нашъадор ва силоҳ дар марзи Афғонистон ҷамъ шудааст ва барои интиқоли онҳо постгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ монеаи асосӣ шудаанд.

Мақомот ҳушдор додааст, ки ҳама гуна талоши ҳамла ва таҳдид ба кори мақомоти қудратӣ бо истифода аз силоҳ ба таври қотеона пешгирӣ карда мешавад.

Бино бар иттилои мақомот, феълан дар шаҳри Хоруғ 6 постгоҳҳои доимамалкунандаи БДА фаъолият доранд.

Лентаи хабарҳо
0