Обуҳавошиносон: дар ҷумҳурӣ боридани борону барфи тар дар назар аст

© SputnikСнег в парках и скверах Душанбе
Снег в парках и скверах Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон обу ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе  рӯзона борон борида, шабона боридани барфи  тар дар назар аст.    Ҳаво   шабона 1-3  ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ боридани борон ва барф дар назар аст.   Ҳаво дар водиҳо шабона -4+4 ва рӯзона     4-9  дараҷа гарм мешавад. Дар баландкӯҳҳо ҳарорат шабона 1-6, инчунин то 10 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард мешавад.

Новогодний Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бадахшону Суғд сардиву барф, дар пойтахту Хатлон гармиву борон

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда  шуда, боридани борон ва гузаштани он ба барф  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11   ва   рӯзона 2-3 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 18-23  ва рӯзона 4-9  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона  0-5  дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат шабона 3-8 ва рӯзона 2-3 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  боридани борон ва барф пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии он дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона   3-8  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо  ҳарорат ба  -1+4 дараҷа мерасад.

Лентаи хабарҳо
0