ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзона боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда мешавад. Рӯзона боридани борон дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7 ва рӯзона -2-3 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат шабона 13-18 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳо барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ боридани борон ва барф пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз -2-7 то -4+1 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм хоҳад шуд.