Дастаи футболи Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 омодагӣ мебинад

© пресс-служба ФФТНациональная сборная Таджикистана
Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар шаҳри Душанбе ба машғулиятҳои машқию омӯзишӣ шуруъ кард

ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Ба ҷамъомади машқӣ-омӯзишӣ сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар Усмон Тошев бозингаронеро даъват кардааст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар бозӣ муқобили Уммон ва Баҳрайн набуданд. Футболбозоне, ки дар бозиҳои моҳи декабр маҳорати хуб нишон доданд, баъдтар ба машғулиятҳо ҳамроҳ мешаванд.

Полузащитник душанбинского Истиклола Эхсони Панджшанбе был признан лучшим футболистом Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
ФФТ беҳтаринҳои футбол дар соли 2018-ро эълон кард

Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Дар натиҷаи машғулиятҳои машқӣ ҳайати даста барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Қатар интихоб мегардад. Дар Доҳа дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон муқобили дастаҳои олимпии Эрон (15 январ), Қатар (18 январ) ва Кувайт (21 январ) бозӣ мекунад.

Иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар як марҳилаи омодагии дастаи олимпии кишвар ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба ҳисоб меравад. Дар мусобиқаи интихобӣ, ки 22-26 марти соли равон дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, дастаи кишвари мо дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Ҳарифонаш дастаҳои Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) ҳастанд.

ЮНОШЕСКАЯ СБОРНАЯ ТАДЖИКИСТАНА (U-16) СТАЛА ОБЛАДАТЕЛЕМ КУБКА АКИМА АСТАНЫ - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии тими наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми ҳокими Остона оид ба футбол

Дар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин 4 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ки ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд доир мегардад, роҳхат мегиранд. Агар мизбони чемпионат – дастаи мунтахаби Тайланд дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кунад, ё миёни 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо бошад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки нишондиҳандаи хуб дорад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалӣ мегардад.  

Се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2020 ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд. 

Ҳайати дастаи футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҷамъомади машқӣ-омӯзишии Душанбе:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);

Таджикская сборная на открытии первого в истории чемпионата мира по футболу среди детей-сирот - Sputnik Тоҷикистон
Бузург мешавему ҳатман пирӯз мешавем: дастаи наврасони ҶТ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол

Муҳофизатгарон: Шаҳром Сулаймонов («Истиқлол»), Алишер Холмуродов («Панҷшер»), Султоншо Мирзоев, Оятулло Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳувайдои Гулмурод, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз «Барқчӣ»), Алишер Баротов, Наимҷон Иброҳимзода («Хатлон»);

Ниммуҳофизатгарон: Мунир Давлатбеков, Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»), Зиёвуддин Фузайлов, Абдулмумин Забиров, Саидмухтор Азимов, Далер Ёдгоров («Барқчӣ»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Худойдод Узоқов («Хатлон»);

Ҳуҷумкунандаҳо: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Шаҳром Самиев («Сомон»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).

Лентаи хабарҳо
0