Пирӯзии тими наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми ҳокими Остона оид ба футбол

© ФФТ ЮНОШЕСКАЯ СБОРНАЯ ТАДЖИКИСТАНА (U-16) СТАЛА ОБЛАДАТЕЛЕМ КУБКА АКИМА АСТАНЫ
ЮНОШЕСКАЯ СБОРНАЯ ТАДЖИКИСТАНА (U-16) СТАЛА ОБЛАДАТЕЛЕМ КУБКА АКИМА АСТАНЫ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду футболбози навраси тоҷик дар сабқат барои Ҷоми ҳокими Остона беҳтарин эътироф шудаанд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон барандаи Ҷоми ҳокими Остона оид ба футбол шуд.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии ниҳоӣ мунтахаби наврасони тоҷик, таҳти роҳбарии мураббӣ Зайниддин Раҳимов,  дастаи “Шахтёр”-и Қарағандаро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод.

Дар роҳ ба бозии ниҳоӣ тими Тоҷикистон дастаҳои “Иртиш U-17”  ва “Астана U-17”-и Қазоқистонро мутаносибан бо ҳисоби 5:2 ва 3:1 шикаст дода, сабқат бо тими Қирғизистонро мусовӣ — 1:1 ба анҷом расондааст.

Мақомоти Қазоқистон ва раёсати Федератсияи футболи ин кишвар дар ҷамъбасти озмун ду навраси тоҷик  Нидоёр Забировро ҳамчун беҳтарин зарбазан ва ҳамлагар - Ислом Зоировро беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф кардаанд.

Мусобиқаи Остона барои тими Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ барои иштирок дар Ҷоми Осиё-2018 мебошад, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия баргузор мешавад. Тоҷикистон дар гуруҳи А бо Малайзия  (20 сентябр), Ҷопон (23 сентябр) ва Таиланд (26 сентябр) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0