ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон арзиши бимаи ҳатмӣ барои худравҳои шахсӣ дар Точикистон 10 дарсад боло рафт.
Гароншавӣ аз ҳисоби болоравии нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Точикистон аст, ки аз 50 ба 55 сомони расид сурат гирифтааст.
Арзиши бимаи ҳатмии мошинҳо шурӯъ аз 1-уми январи соли 2019 ба ҳисоби миёна аз 170 сомонӣ то ба 250 сомонӣ боло рафт.
Инчунин, дар Тоҷикистон нархи иҷозатномаи яксолаи сиёҳ кардани оинаҳои мошинҳои шахсӣ низ аз 3100 сомонӣ ба 3420 сомонӣ боло бурда шуд.
Бинобар омори расмӣ, ки Вазорати нақлиёт пешниҳод кардааст, шумораи умумии мошинҳо дар Тоҷикистон июли соли 2017 ба 436 ҳазору 444 адад баробар буд. Ин ба он маъност, ки ба ҳисоби миёна ҳар оилаи чорум дар Тоҷикистон соҳиби мошин аст ва гароншавии нархи суғурта ба будҷаи ин хонаводаҳо таъсири сахт хоҳад дошт.
Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон, ҳар соҳиби мошин дар кишвар вазифадор аст, ки суғуртаи дошта бошад, дар акси хол нозирони БДА ҳақ доранд ронандаро барои надоштани ин хуччат ҷарима кунанд.