Корпартоии ронандагон дар пойтахт: бима намехарем

© © Sputnik / Нурис АлымбаевВодители маршрутного такси во время забастовки в Бишкеке
Водители маршрутного такси во время забастовки в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабаби корпартоии ронандагон ба тасвиб расидани қонуне ҳаст, ки аз 1 апрел ронандагонро барои доштани суғуртаи масъулияти ронанда дар назди мусофир, вазифадор мекунад

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек ба далели корпартоии ронандагон худравҳои мусофирбар тамба шудаву мусофирон пиёда мондаанд.

Дар Бишкеки миллионнафара, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ба далели набуди метро ва трамвайю нокифоятии троллейбусҳо, ягона воситаи нақлиёти мусофирбар машрутҳо мебошад. Ҳамарӯза дар 120 масир беш аз 2,8 ҳазор худрави мусофирбар кор мекунад. Дар пойтахти Қирғизистон беш аз 40 фирмаи мусофирбарӣ фаъолият мекунад.

Водитель автобуса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Корпартоии ронандагони троллейбусҳо: андоз қимат аст

Субҳи рӯзи душанбе аксри худравҳои мусофирбар ба кор набаромаданд. Аксари мардум то ҷои кор пиёда рафтанд. Аз фурсати муносиб истифода карда, ронандагони сабукравҳо нархи роҳкироро гарон кардаанд. Дар натиҷа чандин сокинони пойтахт ба кор ва омӯзиш дер мондаанд.

Сабаби корпартоии ронандагон ба тасвиб расидани қонуне ҳаст, ки аз 1 апрел ронандагонро барои суғуртаи масъулияти ронанда дар назди мусофир вазифадор мекунад. Тибқи муқаррароти нав ҳар як ронандаи худрав бояд бимаи ҷориро дошта бошад. Маблағи суғурта барои ҳар як мусофир 136 сом (наздики 2 дулор) дар як сол мебошад.

"Раёсати нақлиёти шаҳр ин қонунро ҳанӯз моҳи январи соли 2018 ба ронандагон фаҳмонида буд. Дар бораии суруғтаи масъулияти ронанда дар назди мусофир, ки тариқи хариди бима роҳандозӣ мешавад, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуда буд. Вале рӯзи 2 апрел ронандагони хусусӣ бе огоҳӣ худсарона корпатоӣ кардаанд", — хабар дод равобити умумии ин ниҳод.

Ҳукумати маҳаллӣ шарҳ дод, ки аксари ронандагон аз хариди бима даст кашидаанд.

Дар шаҳрдорӣ қайд кардаанд, ки ба корпартоии ронандагон нигоҳ накарда "барои ягон ширкати мусофирбар ягон имтиёзе дода намешавад".

Лентаи хабарҳо
0