Таъини ҷарроҳии нави Улфатов ва шарҳи мақомоти тоҷик дар бораи фоҷеаи Магнитогорск

© Пресс-служба Президента РФ / Гузариш ба медиабонкВзрыв бытового газа в жилом доме в Магнитогорске
Взрыв бытового газа в жилом доме в Магнитогорске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як иттилоия зери харобаҳо мондани 5 узви як оиларо шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Иброҳим Аҳмад, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР гуфт, дар натиҷаи таркиш ва фуруравии қисме аз бинои истиқоматӣ, 5 узви як оилаи тоҷик, ки дар ин ҷо иқомат доштанд, зери харобаҳо монданд.

Эмомали Рахмон на заседании правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Сахт андуҳгин: Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фоҷиаи Магнитогорск

“Баъд аз чанд соати фоҷеа падари хонавода Шуҳрат Улфатови 26-сола аз зери харобаҳо бо ҷароҳатҳои вазнин дарёфт гардида буд. Шаби 3 январ аз ҷониби наҷотдиҳандагон ҷасадҳои ҳамсари Улфатов Шуҳрат-Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола, фарзандонашон Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсиддини 3-сола аз зери харобаҳо бароварда шуданд”, - иттилоъ дод Иброҳим Аҳмад.

Ӯ афзуд, айни замон ҷасадҳо дар сардхонаи шаҳри Магнитогорск нигоҳ дошта шуда, наздикони фавтидагон қурбониёнро шиносоӣ кардаанд ва масъалаи интиқолашон ба Ватан дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

“Падари хонавода-Улфатов Шуҳрат бошад барои идомаи табобат субҳи 3 январ ба шаҳри Челябинск равон карда шуд”, - иттилоъ дод намояндаи Тоҷикистон дар Русия.

Взрыв бытового газа в жилом доме в Магнитогорске - Sputnik Тоҷикистон
Вазъи падари хонаводаи бедаракшудаи тоҷик дар Магнитогорск вахим арзёбӣ шуд

Дмитрий Алтман, сардухтури беморхонаи вилоятии Челябинск хабар додааст, ки 4 январ ҷарроҳӣ барои муътадил кардани кори шушҳои Улфатов дар назар аст. Ӯ ба расонаҳои Русия иттилоъ додааст, ки бидуни ин ҷарроҳӣ ба эътидол овардани вазъи Шуҳрат Улфатов ғайриимкон аст.

Қаблан дар феҳрасти бедаракшудаҳо дар бинои харобгардида, хонаводаи дигари тоҷикистонӣ, Самиевҳо низ буданд. Аммо баъдан маълум шудааст, ки ба далели банд шудани баромадгоҳ Самиевҳо дар хона дармондаанд ва ҳамаи шаш аъзои оилаи Маҳмадрозиқ Самиев наҷот дода шуданд.

Фоҷеаи мазкур фазои ҷашниро дар Тоҷикистон низ тира карда, садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ бо бознашри хабари ин фоҷеа ба ҳамватанон ва бозмондаҳои қурбониён ҳамдардӣ баён кардаанд.

Таркиши харобиовар дар яке аз биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабр рух дода, тибқи иттилоияи пешакӣ сабаби таркиш хориҷшавии газ мебошад.

Тибқи иттилои расонаҳои Русия, то ҳол теъдоди қурбониёни ин таркиш наздик ба 40 нафар расида, дар ҷои ҳодиса корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0