Обуҳавошиносон: дар арафаи соли нав фаромадани меғ ва ҳавои абрнок дар назар аст

© Амир ИсаевЕлка в Душанбе
Елка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки тағийрёбанда шуда, фаромадани меғ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  шабона 0-2  ва рӯзона +10+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, фаромадани меғ  дар назар аст.  Ҳарорат шабона ба 0+5  ва рӯзона   ба  9+14  дараҷа мерасад.

Туман в Душанбе 28 ноября - Sputnik Тоҷикистон
Меғ мефарояд: обуҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -7-12   дараҷа сард,  рӯзона -1+4,  дар шарқи ин вилоят шабона -23-28  ва рӯзона -3-8  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  фаромадани туман дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1  ва рӯзона  3+8  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,    фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона   +9+14  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0