Нархҳо назорат мешаванд: Ҳукумат имрӯз нақшаи ҷадиди зиддибуҳрониро пеш гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевЦены на одном из рынков Душанбе в начале Декабря
Цены на одном из рынков Душанбе в начале Декабря - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон аз имрӯз, 1 январ нақшаи ҷадиди зиддибуҳрониро пеш гирифт, ки алайҳи ҷаҳишҳои беасоси нархи маҳсулоти муҳим ва таҳдидҳо ба иқтисоди миллӣ равона шудааст

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Бар асоси ин нақша, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ шудааст,  чорабиниҳое дар назар дошта шудаанд, ки алайҳи таъсири таҳдидҳо ба иқтисоди миллӣ равона гардидаанд.

Автозаправка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ арзон шуд?

Бандҳои асосии нақшаи нав асосан ҷилавгирӣ аз болоравии беасоси нархи маҳсулоти муҳим, аз қабили гази моеъ ва бензин, таҳкими назорату ба эътидол овардани фаъолияти бонкҳо, густариши додугирифти ғайринақдӣ ва коҳиши пойбандӣ аз муҳоҷират ба як кишвар мебошанд.

Дар баробари баргардондани эътимоди мардум ба бонкҳо тариқи суғуртаи маблағҳо инчунин беҳбуди вазъи молии корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла  “Тоҷик Эйр”, “ТАЛКО”, “Барқи тоҷик” ва корхонаи роҳи оҳан пешбинӣ гардидааст.

Раисиҷумҳур нақшаи қаблии зиддибуҳронию таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллиро, ки 5 феврали соли 2015 қабул шуда буд, лағв карда, идораҳои давлатиро вазифадор намудааст, то ҳар семоҳа аз ҷараёни иҷрои нақшаи нав ба Ҳукумат гузориш диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0