ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Бо супориши Ҳукумати Тоҷикистон Хадамоти зиддиинҳисории кишвар дар арафаи Соли нави мелодӣ нархи сӯзишвориро дар биржаҳои ҷаҳон мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, хулосаи худро пешниҳод кардааст., иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар” дар иқтибос ба Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон.
“Тибқи он, дар бозорҳои кишвар нархи маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла газу бензин ва солярка то 10 дарсад поин оварда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.
То ҳол дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе як литр гази моеъ то 4 сомониву 40 дирам, як литр бензини навъи 92 то 7 сомониву 90 ва бензини навъи 95 то 8 сомониву 20 дирам фурӯхта мешуданд.
Аммо ба иттилои хабаргузорӣ, ҳоло нархи як литр гази моеъ 4 сомонӣ ва бензин вобаста ба навъҳояш аз 7 сомониву 50 дирам то 7 сомониву 80 дирам муқаррар шудааст.
Қабл аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон барои танзими нархи маҳсулоти муҳими иҷтимоӣ қарор қабул карда буд, ки он барномаи қаблии зиддибуҳрониро иваз мекунад ва аз 24 банд иборат аст. Яке аз бандҳои қарор идораҳои блоки иқтисодии Тоҷикистонро муваззаф мекунад, то нагузоранд, ки нархи маводи муҳими итимоӣ, аз ҷумла бензину солярка ва гази моеъ якбора баланд шавад.