ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ба истифода додани Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии КҲФ.
Дар маросими ифтитоҳ Котиби Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, Роҳбари Маркази дастгирии ёриҳои башардӯстонаи Шоҳи Арабистони Саудӣ-ҷаноби Абдуллоҳ ибни Абдулазиз-ар-Робиа, Сарвари идораи генералии мудофиаи граждании ВКД Арабистони Саудӣ Сулаймон ибни Абдуллоҳ-Амр, як қатор роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои кишвар ширкат намуданд.
Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, дорои таҳххона, толорҳои маҷлис, синфхонаҳои муҷаҳҳазгардонидашуда, китобхона, бойгонӣ, озмоишгоҳ, варзишгоҳ, ошхона, утоқҳои корӣ барои кормандони Марказ ва меҳмонхона мебошад. Ҳамаи утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Сохтмони Марказ аз ҷониби Маркази дастгирии ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ бар асоси Ёддошти тафоҳум миёни КҲФ ва Маркази Шоҳ Салмон дар моҳи феврали соли 2017 имзо шуда буд, маблағгузорӣ шуд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки фаъолияти Маркази таълимӣ-методии КҲФ қабл аз ҳама ба татбиқи шеваҳо ва усулҳои нави омӯзиш оид ба масъалаҳои калидии фаъолияти Кумита, такмили таҷрибаҳо ва аз худ намудани системаҳои иттилоотӣ-технологӣ барои омодасозии кадрҳо дар самти мудофиаи гражданӣ ва масъалаҳои пешгириву бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ равона шудааст.