ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қазоқистон барои Тоҷикистон маҳслоти роҳиоҳанӣ содир хоҳад кард.
Масъулини Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳошияи сафари муовини нахуствазири Қазоқистон Аскар Мамин ба Тоҷикистон дар ин бора ба тавофуқ расиданд.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон барои ширкати "Роҳи оҳан" аз Қазоқистон 300 вогони боркаши пӯшида, 200 нимвагон, 4 локомотив, инчунин 5200 тон релси навъӣ Р-65 мехарад.
Содироти маҳсулоти роҳиоҳании Қазоқистон ба Тоҷикистон мувофиқи созишҳои бадастомада сурат гирифта, пули он дар мӯҳлати дароз пардохт мешавад.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки ширкати "Азияи Групп"-и Тоҷикистон аз ширкати қазоқии"KazakhExport" ба 19 миллион доллар 300 автобус мехарад.