Рустами Эмомалӣ гуфт, Президент ба кормандони амният эътимоди баланд дорад

© дафтари матбуоти шаҳрдории ДушанбеРустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ва Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ва Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо иди касбияшон, ки 28 декабр таҷлил мешавад, шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар арафаи иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави шуъбаи КДАМ Тоҷикистонро ба истифода дод.

Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ҳангоми ифтитоҳи кӯдакистони нав дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи кӯдакистони нав ва таъкиди раиси Душанбе: кӯдакон ояндаи миллатанд

Манбаъ афзуд, сохтмони мазкур бо фармоиши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе соли 2017 оғоз гардида, дар як сол бо харҷи қариб 4 миллион сомонӣ бо масоҳати 2100 метри мураббаъ мавриди истифода қарор гирифт.

Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз заҳматҳои шабонарӯзии кормандони амният зикр карда, фароҳам намудани шароити мусоидро муҳим хондааст.

“Фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти пурзаҳмату шабонарӯзии кормандони амният дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ нақши калон мегузорад”, - изҳор доштааст раиси Душанбе.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ зимни баромадаш дар назди кормандони амнияти миллӣ таъкид намудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини ин ниҳод эътимоди бузург дорад.

Манбаъ афзуд, ки шаҳрдор аз ҷумла бунёди чунин биноҳои замонавии кориро аз натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи давлату ҳукумат ва эътимоди баланду ғамхориҳои раисиҷумҳур ба кормандони ин ниҳоди қудратии кишвар унвон кард.

Лентаи хабарҳо
0