ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бинои нави кӯдакистони рақами 131 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо маблағи тақрибан 5 миллион сомонӣ сохта шуда, аз се ошёна ва таҳхона иборат аст ва барои 110 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, ба хотири беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон, дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш ба ду забон - тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
Рустами Эмомалӣ зимни ифтитоҳи бинои мазкур изҳор доштааст, ки барои таълим ва тарбияи дурусти кӯдакон бояд аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурд, зеро ки маҳз кӯдакон ояндаи давлату миллатанд. Ӯ ба мураббиёну тарбиятгарон дастур додааст, ки дар тарбияи кӯдакон ҷиддӣ ва масъулиятшинос бошанд.
Шаҳрдорӣ афзуд, ки 27 декабр дар ноҳияи Сино баъди азнавсозӣ инчунин 2 муассисаи дигари таҳсилоти томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.