ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳисоботаш ба вакилон аз ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат зикр карда, татбиқи онро таъкид кардааст.
“Ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти минтақавии вилоят дар моҳҳои январ - сентябри соли 2018 ба 12 миллиарду 766,2 миллион сомонӣ расида, ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ дар сохтори маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ 32,1 фоизро ташкил дод”, - изҳор дошт Аҳмадзода.
Дар идомаи ҷаласа Анвар Мирзозода, сардори Сарраёсати молияи вилоят қисми даромад ва хароҷоти буҷаи Суғд барои соли 2019-ро муаррифӣ кардааст.
“Буҷети вилоят дар соли оянда 2 миллиарду 404 миллиону 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, хароҷот дар ин давра беш аз 1,8 миллиард сомониро ташкил медиҳад”, - изҳор доштааст Мирзозода.
Вакилон дар пайи қабули буҷаи Суғд барои 2019 бо дархости сокинони деҳаи Сартӯқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи деҳаро ба Зарбоғ иваз карданд.