Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон, ки қаблан то 0,144 сомонӣ боло рафта буд, ҳафтаи равон коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз арзиши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0,1360 то  0,1370 сомониро ташкил медиҳад. Тайи даҳрӯзаҳои қаблӣ ин нишондод муодили 0,143 сомонӣ буд.

Директор Института актуальной экономики Никита Исаев - Sputnik Тоҷикистон
Исаев: Тоҷикистон барои рушди иқтисод бояд чор корро анҷом диҳад

БМТ афзудааст, ки дар дар бозори нақди кишвар имрӯз 1 доллари ИМА аз 9, 4242 то 9,4300 сомонӣ ва 1 евро аз 10,7304 то 10,7600 сомонӣ арзиш дорад.

Ба иттилои манбаъ имрӯз қурби миёнаи расмии 1 доллари ИМА — 9,4242 сомонӣ, 1 евро – 10,7304 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0,1360 сомонӣ мебошад.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0