Исаев: Тоҷикистон барои рушди иқтисод бояд чор корро анҷом диҳад

© © из личного архива Никиты ИсаеваДиректор Института актуальной экономики Никита Исаев
Директор Института актуальной экономики Никита Исаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Никита Исаев, коршиноси рус бар он аст, ки барои рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон, мақомоти ин кишвар бояд чаҳор иқдоми дигарро анҷом диҳанд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Никита Исаев, коршиноси Русия дар сӯҳбат бо Sputnik Таджикистан гуфт, ки кишвар барои рушди иқтисодаш бояд чор корро анҷом диҳад.

Ба гуфтаи вай, солҳои ахир иқтисоди Тоҷикистон бамаротиб рушд кардааст.

Коршинос ёдрас мешавад, ки дар Тоҷикистон мисли Озарбойҷон ва Туркманистон дорои захираҳои нафту газ нест. Барои ҳамин рушди иқтисоди ин кишвар бо имкониятҳои мавҷуда сурат мегирад.

Министр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазири иқтисод муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар соли 2017-ро бар шумурд

"Аввал Тоҷикистон бояд бо Русия ҳамкории равшану фаҳморо ба роҳ монад. Дувум-Тоҷикистон ҳамкориҳояшро дар лоиҳаи "Як банд-як роҳ", ҳамчун минтақаи логистикии нақлиётӣ муайян намояд. Севум- барои Тоҷикистон муҳим онаст, ки бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбакистон ҳамкориҳояшро беҳтар кунад. Чаҳорум- Тоҷикистон бояд барои дубора сармоягузории бахши воқеии иқтисод ва рушди бахши хусусӣ талош намояд", — афзуд Никита Исаев.

Лентаи хабарҳо
0