Сипоси Нуралиев аз “Райффайзенбонк” барои барориши аввалин вомбаргҳои Тоҷикистон

© Пресс-служба НБТМулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи бонки сармоягузории "Райффайзенбонк"
Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи бонки сармоягузории Райффайзенбонк - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамолиддин Нуралиев муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқот бо намояндагони ҶС “Райффайзенбонк” ба фурӯш баровардани вомбаргҳои давлатӣ ва ба ин васила ҷалби сармояи хориҷиро барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” муҳим арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 декабря - Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқот бо намояндагони ҶС “Райффайзенбонк” мулоқот намуда аз  онҳо барои мусоидат ва ҳамкорӣ дар барориши аввалин вомбаргҳои (евробонд) давлатии Тоҷикистон ба бозори байналмилалии сармоя изҳори сипос намуд.

Первый зампред Нацбанка Таджикистана Джамолиддин Нуралиев провел встречу с представителями ЕБРР  - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ БАТР-ро ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба бахши хусусӣ даъват намуд

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки милии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, муовини якуми Раиси Бонки миллӣ бо Директори институтҳои молиявии  “Райффайзенбонк” дар ИДМ Павел Зарутский ва Директори иҷроия доир ба бозори сармояи  бонки мазкур Александр Булгаков мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев аз намояндагони “Райффайзенбонк” барои мусоидат ва ҳамкорӣ дар барориши аввалин вомбаргҳои (евробонд) давлатии Тоҷикистон ба бозори байналмилалии сармоя изҳори сипос намуд.

Вай ба фурӯш баровардани вомбаргҳои давлатӣ ва ба ин васила ҷалби сармояи хориҷиро барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” дорои аҳамияти муҳим ба иқтисодиёти кишвар арзёбӣ намудааст.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи “Райффайзенбонк” Павел Зарутский аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо низоми бонкии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ кард.

Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ ширкатҳои чиптафурӯширо ба ҳамкорӣ даъват намудааст

Инчунин, зимни мулоқот, тарафҳо ҳамкориро дар самти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонки сармоягузории “Райффайзенбонк”, ҳамкории бонкҳои тиҷоратӣ бо ин бонк ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ибрози назар карданд.

Дар поёни вохӯрӣ тарафҳо эълон намуданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба низоми бонкию молиявӣ  ҳамкории судмандро ба роҳ хоҳанд монд.

Лентаи хабарҳо
0