Наҷотдиҳандагон моҳигирро наҷот доданд

© © Sputnik / Игорь ПодгорныйРыбачья лодка на берегу реки, архивное фото
Рыбачья лодка на берегу реки, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вақте гурӯҳи наҷот ба ҷойи ҳодиса расид, диданд, ки моҳигир дар миёни об болои заврақ хаставу нимҷон аст ва аз сардии ҳаво дигар маҷоле надорад, ки даст ба бели заврақ барад

ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон моҳигиреро аз хатари марги эҳтимолӣ наҷот доданд, ки дар заврақи худ миёни об дучори хатар шуда буд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, сокини 53-солаи ноҳияи Хуросон моҳигирӣ рафт ва дар миёни ҳавз бо заврақи худ дармонд ва мустақилона натавонист аз об берун ояд. Дар бораи ин рӯйдоди нохуш хешовандони моҳигир ба Раёсати Кумита хабар доданд.

Омӯзишҳои КҲФ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагон аз Русия ва Тоҷикистон якҷоя дарс мехонанд

“Вақте гурӯҳи наҷот ба ҷойи ҳодиса расид, диданд, ки моҳигир дар миёни об болои заврақ хаставу нимҷон аст ва аз сардии ҳаво дигар маҷоле надорад, ки даст ба бели заврақ барад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Мардро аз об берун оварданд ва то ҷойи мошини Ёрии таъҷилӣ оварданд. Моҳигирро пизишкон дар бемористон бистарӣ карданд.

Таҳлилҳои аввалия нишон медиҳанд, ки як сабаби ин ҳодиса риоя накардани қоидаҳои заврақронӣ дар обҳои сард дар фасли сармо буд.

Ёдрас мешавем, ки аз аввали соли 2018 наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ҳолатҳои гуногун бештар аз 150 нафарро аз хатари ҳалокат наҷот доданд.

Лентаи хабарҳо
0