ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik.Омӯзгорони Академияи мудофиаи шаҳрвандии ВҲФ Русия барои баланд бардоштани малакаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии назди ҳукумати ҶТ дарсҳои таълимӣ мегузаронанд, хабар медиҳад котиби матбуоти кумита Умеда Юсупова.
Дар Сомонаи КҲФ Тоҷикистон қайд карда мешавад, ки курсҳои омӯзишӣ дар се скамт: тайёрии фаврӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, ҳамчун тайёр намудани аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқуллода гузаронида мешавад.
"Тренинг дар давоми як ҳафта дар чорчӯбаи созишномаи сетарафаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи ФР, ва Ташкилоти байналмиллалии мудофиаи шаҳрвандӣ гузаронида мешавад",- мегӯяд котиби матбуот.
Курсҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон то санаи 30-уми октябр бо иштироки 25 нафар афсарони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории кумита баргузор мешавад.