Қодиров вазъи кӯдаконе, ки аз Сурияву Ироқ баргардонида шуданд хуб арзёбӣ кардааст

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан Владимир Путин, расиҷумҳури Русия зимни нишасти матбуотаиш бо рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ эълон кард, ки кишвараш талошҳояшро барои баргардонидани фарзандони шаҳрвандонаш аз Сурия ба ватан идома хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik.  Фарзандони шаҳрвандони Русия, ки аз Сурия ва Ироқ ба ватан баргардонида шуданд, зиндагии хуб доранд ва онҳо ба ягон мушкилот дучор нашудаанд, гуфтааст Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Москва-24”.

Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
Вокуниши Қодиров ба хабари қатлу таҷовузи занони чечен аз сӯи Толибон

“Кӯдакон зиндагии хуб доранд. Мо дар ҷумҳурӣ ятимхона надорем. Ҳамаи кӯдакон бо хешу таборашон зиндагӣ мекунанд. Онҳо умуман ба ягон мушкилот рӯ ба рӯ нестанд. Онҳо мисли дигар кӯдакон зиндагии оддӣ доранд”, - гуфт Қодиров.

Вай инчунин таъкид намуд, ки аксари занонро ба Сурия ва Ироқ  бо роҳи фиреб бурдаанд.  

“Ин барои мо хуб нест. Занҳои мо дар маҳбасҳои Сурия ва Ироқ зиндон шудаанд. Додгоҳи ин кишварҳо ба онҳо ҳукми абад баровардааст. Агар ин занҳо гунаҳгор бошанд, бигзор онҳоро ба Русия фиристанд ва онҳо тибқи қавонони кишвар муҷозот шаванд”, - илова кард Қодиров

Қаблан Владимир Путин,  раисҷумҳури Русия зимни нишасти матбуотаиш бо рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ эълон кард, ки кишвараш талошҳояшро барои баргардонидани фарзандони шаҳрвандонаш аз Сурия ба ватан идома хоҳад дод.  

Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қодиров 13 зан ва 28 кӯдаки дигарро аз Ироқ бозмегардонад

Пештар бо ёрии мақомоти Чеченистон ба Русия беш аз 100 зану кӯдак аз Чеченистон, Доғистон, вилояти Твер ва дигар минтақаҳои кишвар, инчунин шаҳрвандони Узбакистону Қазоқистон баргардонида шуда буд. Барои баргардонидани шаҳрвандони Русия аз кишварҳои Шарқи наздик гурӯҳи корӣ фаъолият мекунад, ки онро намояндаи Чеченистон дар минтақаҳои Шарқи наздик ва Африқои шимолӣ, сенатори Русия Зияд Сабсабӣ роҳбарӣ мекунад.

Бино бар иттилои коршиносон, дар ҳоли ҳозир, беш аз 2 ҳазор зан  ва кӯдакон аз Русия дар маҳбасҳои Сурия ва Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд ва мунтазири истирдод ба ватанашон мебошанд.     

Лентаи хабарҳо
0