ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров хабар дод, ки дар яке аз урдугоҳҳои Ироқ гурӯҳи нави паноҳҷӯёнро, ки иборат аз 13 зан ва 28 кӯдак ҳастанд, ёфтаанд ва айни замон масъалаи бозгардонии онҳо баррасӣ мешавад.
"Гурӯҳи корӣ бо раҳбарии намояндаи ман дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ Зиёд Сабсабӣ доиман дар Сурия ва Ироқ ҳасту манотиқи аз асорат озодшуда…шаҳрҳо, зиндонҳо, урдугоҳҳоеро, ки дар он занон аз кишварҳои гуногун нигаҳ дошта мешаванд, аз назар мегузаронад. Мехоҳам хабари охиринро ба шумо расонам. Зиёд Муҳаммадович дар яке аз урдугоҳҳои Ироқ 13 зан ва 28 кӯдакро ёфтааст", — навиштааст Қодиров дар саҳифаи Instagram-и худ.
Раҳбари Чеченистон гуфт, ки миёни занон фақат якеаш аз Чеченистон асту дигаронашон аз Доғистонанд.
"Зиёд Муҳаммадович дар урдугоҳ София Зайнукаеваи сесоларо ёфтааст. Ӯ аз Доғистон аст. София духтари амаки кӯдаконе, ки пештар аз ин урдугоҳ (Хадича ва Фотима) ба ватан бозгардонида шуданд, мебошад. Волидони ӯ аз зарби бомб дар Мосул ба ҳалокат расиданд. Дар ҳоли ҳозир бо дастури ман ҳамаи масоили ҳуқуққии бозгардонии кӯдакону занон ба Русия ҳаллу фасл мешавад", — гуфт Қодиров.
Пештар хабар дода шуд, ки модаре аз Қазоқистон аз раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дархост кардааст, ки духтару набераҳояшро, ки аз паси шавҳару падарашон ба Сурия рафтаанд, бар гардонад.
Ин зан гуфта буд, ки домодаш дар ҷанг кушта шуда, вале духтару набераҳояшро намегузоранд, ки ба Русия бар гарданд.