Донишгоҳи Русия барои соҳаи энергетика мутахассисҳои касбӣ тайёр мекунад

© © О. Игошин, ЮУрГУСтуденты Южно-Уральского государственного университета (ЮУрГУ)
Студенты Южно-Уральского государственного университета (ЮУрГУ)  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишгоҳи мо дар марзи Аврупо ва Осиё ҷой гирифта, арзишҳои ҳарду қитъаро ҳифз карда, таълимеро ба роҳ мондааст, ки ҳам дар Аврупо ва ҳам дар Осиё қобили қабул аст ва хатмкардагонаш дар бозори байналмилалии меҳнат талаботи зиёд доранд

ДУШАНБЕ, 20  дек — Sputnik. Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ (ДДУҶ) дар марзи қисмати авруосиёии Русия, дар шаҳри Челябинск ҷойгир шудааст. Ҷойгиршавии мувофиқ ва анъанаҳои хуби тадрис дар ин донишгоҳ боиси он гаштаанд, ки имрӯз дар ин муассисаи таълимӣ аз 52 кишвари дунё таҳсил мекунанд. Кадом равия ва ихтисосҳо миёни донишҷӯёни тоҷикистонӣ машҳуртаранд? Хатмкардагони ин донишгоҳ дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ талабгор доранд? Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik ноиби ректори ДДУҶ оид ба корҳои байналмилалӣ Олга Ярошенко тавзеҳ дод.

– Олга Николаевна ҳоло дар ДДУҶ чанд донишҷӯ аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон таҳсил мекунад? Кадом равия ва соҳаҳоро онҳо интихоб мекунанд?

– Имрӯз дар ДДУҶ аз кишварҳои Осиёи Миёна донишҷӯёни зиёд таҳсил мекунанд. Аз Тоҷикистон зиёда аз 200 нафар донишҷӯ дар донишгоҳи мо таълим гирифтаистодаанд.

Абдуллозода Рамазон Толибжон выпускник аспирантуры ЮУрГУ - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллозода дар бораи мушкилот ва манфиати таҳсил дар донишгоҳҳои Русия

Донишҷӯёни хориҷӣ равия ва соҳаҳои гуногунро интихоб мекунанд. Донишҷӯёни тоҷикистонӣ зиёдтар равияҳои соҳаи энергетикаро мепиндоранд. Интихоби онҳо ба талаботи кишвар, ки бо сохта ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқи обӣ мутахассисони касбӣ соҳаи энергетикӣ лозим мешаванд, вобаста аст.

Дигар донишҷӯён равияҳоеро, интихоб мекунанд, ки аз дӯстон ва шиносҳоеашон, ки баъди хатм ба кишвари худ баргашта дар ин ихтисос кору фаъолият доранд, шунидаанд. Интихоби онҳо асосан равияҳои техникӣ мебошанд. Ғайр аз ин имрӯзҳо соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ серталабот шудаанд, чунки имсол дар Тоҷикистон соли сайёҳӣ интихоб шуда буд.

Донишгохи худро интихоб намо - Sputnik Тоҷикистон
Таҳсил дар донишгоҳҳои Русия

– Донишгоҳи шумо ба ҳамкорӣ бо донишҷӯёни хориҷӣ чигуна аҳамият медиҳад?

– Албатта мо дар назди ҷавононе, ки барои таҳсил ба донишгоҳи мо омадаанд масъулиятнокиамонро эҳсос мекунем. Мақсади асосии мо на танҳо қабул ба донишгоҳ, балки бо муваффақият хатми кардани онҳост. Барои ин мо ҳама талаботро барои онҳо муҳайё мекунем.

Мо ҳатман донишҷӯёнро аз фурудгоҳ пешвоз гирифта дар хобгоҳ бо манзил таъмин мекунем. Маркази иҷтимоӣ-фарҳангии мувофиқшавӣ  ба навомадагон кумак расонда онҳоро ба қоидаҳои гуногун ошно месозад. Ба ҳар як якумкурс 1 нафар аз кишвари худаш аз курсҳои болои вобаста карда мешавад. Мо донишҷӯёнро бо шаҳр ошно карда, оҳоро бо ҳама лавозимоти зарурӣ таъмин намуда, барояшон “рӯзҳои иттилоотӣ” баргузор мекунем. Инчунин донишҷӯёни хориҷиро ба қоидаҳои муҳоҷиратӣ ва буду бош дар ҳудуди Русия ошно месозем.

Ғайр аз ин мо варзишкорони бомаҳоратро аз дохили донишҷӯён интихоб карда барои тамрин ба донишкадаи варзиши ДДУҶ мефиристем. Масалан миёни донишҷӯёни мо гуштии тарзи озод хело маъмул аст.  

Донишҷӯён зимни таҳсил. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Штихино: таваҷҷӯҳи ҷавонони ИДМ ба таҳсил дар Русия меафзояд

Дар донишгоҳи мо Ассотсиатсияи донишҷӯёни хориҷӣ амал мекунад, ки дар он намояндагони ҳамаи кишварҳо дохил мешаванд. Онҳо имкони бо миллатҳои гуногун суҳбат карданро доранд ва метавонанд аз фарҳангу маданияти хеш ба дигарон нақл кунанд ва ё аз фарҳанги дигарон огоҳ шаванд. Ҳангоми суҳбат бо донишҷӯёни рус онҳо метавонанд забони русиашонро берун аз дарсҳо муккамал кунанд.

– Барои ба донишгоҳи шумо қабул шудан чӣ талаботҳо мавҷуданд (сатҳи забондонӣ, тайёрии умумӣ, иштирок дар озмунҳо)?

– Мутаасифона иштирок дар озмунҳо барои донишҷӯёни хориҷӣ ба ҳисоб гирифта намешавад. Довталабони тоҷик метавонанд дар асоси талаботҳои умумӣ мисли шаҳрвандони Русия ба донишгоҳ дохил шаванд.

– Хатмкунандагони ДДУҶ дар бозори ҷаҳонии меҳнат талабот доранд?

– Дар дунё 200 ҳазор донишгоҳ фаъолият доранд, ва мо фахр мекунем, ки дар гуруҳи ҳазори якум қарор дорем. Сифати таълим дар ДДУҶ ба хатмкардагони ин даргоҳ имкон медиҳад, ки онҳо дар оянда бо осони соҳиби ҷои кор гарданд ва онҳо на танҳо дар бозори меҳнати дохилӣ балки дар бозори меҳнати байналмилалӣ талабот пайдо мекунанд.

Лоиҳаҳои омӯзишии мо хело фаъол рушд кардааистодаанд, донишҷӯён имкони кор дар 8 озмоишгоҳи (лаборатория) сатҳи байналмилалиро доранд. Бар зами ин мақсади кушодани озмоишгоҳҳои навро дорем.

Тотальный диктант в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шасту панҷ донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳи Урал таҳсил мекунад

Донишҷӯёни мо дар муҳити бисёрзабонӣ таҳсил мекунанд, онҳо бо донишҷӯёни кишварҳои гуногун ҳамсуҳбат мешаванд. Инчунин омӯзгорони хориҷӣ низ дар ин донишгоҳ кор мекунанд. Озмоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳониро мутахасисони дар ҷаҳон машҳур роҳбарӣ мекунанд. Ғайр аз ин донишҷӯёни мо метавонанд аз барномаҳое, ки омӯзгорони инглисзабон мегузаронанд истифода кунанд. Ҳамаи инҳо аз сатҳи баланди таҳсил дар ин донишгоҳ шаҳодат медиҳанд.

Мо дар марзи Аврупо ва Осиё қарор гирифта ҳамаи арзишҳои ҳарду қитъаро ҳифз карда таълимеро ба роҳ мондаем, ки ҳам дар Аврупо ва ҳам дар Осиё қобили қабул ва талаботи зиёд дорад.

Лентаи хабарҳо
0