ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Шиносномаи муваққатиро наздик ба 4,5 ҳазор шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия ба сар мебаранд, аммо то ҳол шаҳрвандии ягон кишварро нагирифтаанд, метавонанд ба даст оранд, дафтари матбуотии ВУД Русия иттилоъ додааст ба РИА Новости.
Чанде пеш муассисаи мазкур лоиҳаи қонунеро таҳия карда буд, ки он ба ашхоси бидуни шаҳрвандие, ки баъди 1 июли соли 2002 марзи Русияро убур карда айни ҳол дар ин кишвар зиндагии доимӣ доранд, кумак мекунад, то ки онҳо соҳиби мақоми ҳуқуқӣ гарданд. Дар назар аст, ки лоиҳаи мазкур моҳи июни соли 2019 ҳукми қонунӣ гирад.
“Бо мақсади қонунигардонии ашхоси бидуни шаҳрвандие, ки соҳиби шиносномаи Иттиҳоди шӯравӣ буданд ва муддатҳои тӯлонӣ ба қонунгузории муҳоҷират итоат накарда дар ҳудуди Русия ба сар мебаранд, болои ин лоиҳа қонуни федералӣ кор бурда мешавад. Айни ҳол таҳти назари мақомоти маҳалии ВУД 4,5 ҳазор ашхоси бидуни шаҳрвандӣ қарор доранд, ки ба онҳо меъёрҳои қонунгузории мазкур дахл доранд”, - тавзеҳ додааст дафтари матбуотии муассисаи мазкур.
Лоиҳаи қонуни мазкур тартибдиҳии ҳуҷҷати муваққатии тасдиқкунандаи шахсияти афроди бидуни шаҳрвандиро дар ҳудуди Русия пешбинӣ мекунад. Шиносномаи муваққатӣ дар асоси тасдиқ намудани шахсият дода мешавад. Ин ҳуҷҷат ба ин гуруҳ имкон медиҳад, ки онҳо дар ҳудуди Русия дар асоси қонун ба сар баранд ва баъдан мақоми ҳуқуқии худро дар Русия муайян кунанд.
Айни ҳол ин лоиҳа бо дарназардошти мулоҳизаҳои дигар муассисаҳо дар ҷараёни мутобиқгардонии такрории қарор дорад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ғайр аз шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва бидуни шаҳрвандӣ ба ашхоси бе шаҳрвандие, ки дар Русия зиндонӣ шуда буданд ва онҳое, ки баъди ба озодӣ баромадан ба дигар кишвар рафтанӣ нестанд тааллуқ дорад.