Джураева: Ба хатмкунандагони донишгоҳҳои Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ имтиёз диҳед

Обуна шудан
Гавҳар Ҷӯраева, роҳбари маркази иттилоотӣ-ҳуқуқии "Муҳоҷират ва қонун" роҳҳои пурзурнамудани вазъи ҳуқуқии муҳоҷирон дар Русияро шарҳ дод

Муҳоҷирон дар Русия баъзан ба мушкилоти бе ҳуҷҷатӣ ва бе пулӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки наметавонанд ҳатто ба ватанашон баргарданд.    

Гавҳар Ҷӯраева, роҳбари маркази иттилоотӣ-ҳуқуқии "Муҳоҷират ва қонун" бар онаст, ки дар қаламрави Русия аз ҳуқуқи муҳоҷир бояд ниҳодҳои кишвараш ҳимоят намоянд.

Джураева: необходимы поправки, улучшающие правовое положение мигрантов

Ба гуфтаи вай ин ниҳодҳо метавонанд ғайридавлатӣ ё давлатӣ бошанд.

 “Мо пешниҳод кардем, ки таҷрибаи пешинаро ба роҳ монанд, яъне муҳоҷирони меҳнатиро бояд шахсони ҳуқуқие, ки ба кор қабул мекунанд сабти ном намоянд. Инчунин корфармоён имконият пайдо намоянд, ки ба ВКД дар бораи вазъи муҳоҷирон ва ҳуҷҷатҳои онҳо хабар диҳанд. Мутаасифона ин тартиб ҳоло амал намекунад ва дар бораи он чизе ҳам гуфта намешавад”,- гуфт Гавҳар Ҷӯраева ба Sputnik Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, Гавҳар Ҷӯраева умедвор аст, ки донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои Русияро бо баҳои аъло хатм мекунанд, барои гирифтани шаҳрвандии Русия имтиёзҳо пайдо намоянд.

Ба гуфтаи вай, муҳоҷироне, ки барои иқтисоди Русия фоида меоранд, сазовор ҳастанд, ки барои онҳо сабикоҳо ворид карда шавад, то ки вазъи ҳуқуқиашон беҳтар гардад.   

Лентаи хабарҳо
0