Ҳизби ҳоким дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби бинои маъмурӣ шуд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиНовое административное здание для Правящий партии НДПТ в Бободжон Гафуровском районе Согдийской области
Новое административное здание для Правящий партии НДПТ в Бободжон Гафуровском районе Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik.  Рӯзи 18 декабри соли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонов дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро иштирок намуданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

На съезде НДПТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ҲХДТ Рӯзи раисҷумҳурро хоксорона ҷашн хоҳад гирифт
>

Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пас аз суханронии худ дар ҳузури кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор ҷавонон, ки ба аъзогии ҲХДТ пазируфта шудаанд, шаҳодатномаҳо супорид.

Бинои нави маъмурӣ аз ду ошёна, таҳхона, ҳуҷраҳои корӣ, утоқҳои ёрирасон ва маҷлисгоҳ иборат буда, бо саҳмгузории аъзои ҳизб ба тариқи ҳашар бунёд гардидааст.

“Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино шароити кории 13 нафар кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтар гардонида шуд”,- таъкид намудааст манбъ.

Лентаи хабарҳо
0