ҲХДТ Рӯзи раисҷумҳурро хоксорона ҷашн хоҳад гирифт

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookНа съезде НДПТ. Архивное фото
На съезде НДПТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки пешвояш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, тасмим гирифта Рӯзи раисҷумҳурро хоксорона ҷашн бигирад

 

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Имсол Рӯзи раисҷумҳурро дар Тоҷикистон хоксорона ҷашн хоҳанд гирифт, хабар додааст ТоҷикТА.

"Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки пешвояш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, тасмим гирифта имсол Рӯзи раисҷумҳурро дар саросари кишвар бо барномаҳои камҳазина баргузор кунад. Ин ҷашн порсол муқаррар шуда ва ҳарсола 16 ноябр баргузор мешавад", — гуфта ТоҷикТА бо ишора ба ҲХДТ.

Қарор шуда, ки бахшҳои ҲХДТ дар манотиқи кишвар дар он рӯз мизҳои гирд баргузор кунанд ва аз хидматҳои раисҷумҳур ба миллат бигӯянд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ дар бораи раисҷумҳур ҳамоиш баргузор мекунад

Яке аз чунин барномаҳо ҳамоише дар мавзуъи "Эмомалӣ Раҳмон — Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон" аст, ки шаҳрдории Душанбе қарор дода 16 ноябр баргузор кунад.

Бино ба қарори шаҳрдор Рустам Эмомалӣ, муовини шаҳрдор Муинӣ, шуъбаи рушди иҷтимоъӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъули шаҳрӣ ва кишварӣ муваззаф шудаанд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҳамоиш чора андешанд.

"Раҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидаанд, маблағи 3790 (се ҳазору ҳафтсаду навад) сомонӣ тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд", — омадааст дар қарори шаҳрдорӣ.

Бахши муҳосибот бошад бояд пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.

 

Лентаи хабарҳо
0