ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Кормандони вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон ду нафар ҷавонро дастгир намуданд, ки дар рабудани мошин дар шаҳри Душанбе айбдор мешаванд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ахиран ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе шикоят кардааст, ки рӯзи 18-уми декабри соли равон, тахминан соати чори шаб, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш тамғаи "Опел-Ашка"-ро, ки арзишаш 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, рабудаанд.
Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 25-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ҳисор, бо гумони рабудани мошин ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф, дастгир намуданд.
Дар ҳоли ҳозир кормандони ВУД аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.