ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон модаре бо гумони қатли тифли навзодаш муттаҳам мешавад, дар ҳудуди бозори мошинҳои "Чимтеппа" бошад, дуздии нақлиёти сабукрав ба қайд расидааст.
Тибқи иттилои ВКД-и Тоҷикистон рӯзи душанбеи гузашта, зани 34-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, бешавҳар, тифли навзоди худро дар дохили ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиашон партофта, ба ҳалокат расонидааст.
Инчунин, санаи 8 ноябр, тахминан соати 12:00-дақиқа шахсони номаълум аз дохили мошинбозори ҳудуди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, автомашинаи тамғаи "Леганзе", ки ба марди 25- солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дошт, ғайриқонунӣ ронда бурдаанд.
"Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони рабудани воситаи нақлиёти зикргардида марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд", —менависад сомонаи ВКД.
"Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад", — афзудааст манбаъ.