ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, дар пайи ин ҳодисаи маргбор, марди дигар, сокини 43-солаи шаҳри Панҷакент дастгир шуд, ки дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ муттаҳам мешавад.
Манбаъ изҳор дошт, ки боздоштшуда шоми 14-уми декабр, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамроҳии марди 52-сола нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, тахминан соати 21:00 байнашон муноқиша сар задааст.
“Дар натиҷаи муноқиша, марди 52-сола аз тирезаи айвони ҳамин хона, ки дар ошёнаи 4-ум мебошад, ба замин афтида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ таъкид намуд, ки феълан алайҳи боздоштшуда бар асоси моддаи 110 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.