ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Раҳмонов ба ҳайси фармондеҳи взводи ротаи тирандози савораи қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиа, моҳи июни соли 2018 аз сарбози қатории қисми мазкур барои раҳоӣ аз хидмати ҳарбӣ 15 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.
Сарбоз ба фармондеҳ изҳор доштааст, ки чунин маблағро метавонад танҳо баъди фурӯхтани “Мерседес бенс”- и падараш диҳад.
Ожонс афзудааст, ки Раҳмонов баъди шунидани ин вазъ аз сарбоз талаб намуд, ки ба ҷои 15 ҳазор сомонӣ, падараш автомашинаи "Мерседес"-ро ба ӯ диҳад.
Амиршо Раҳмонов 10 август баъди ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ намудани автомашинаи мазкур аз сӯи маъмурини Ожонси зидди фасод дастгир гардидааст.
Ба иттилои Ожонс, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Раҳмонов бо иттиҳоми қаллобӣ ба анҷом расида, парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.