ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ягона голи тими кишварро дар ин бозӣ, нимҳимоятгари дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор Шарафҷон Солеҳов ба ҳадаф расонд, ки барои Шарафҷони 19-сола ин аввалин гол дар ҳайати тими миллӣ буд.
Голҳои ҷониби Уммонро Муҳаммад Ал-Ҳасанӣ ва Матаз Салеҳ ба ҳадаф расонданд.
Манбаъ афзуд, 16 декабр дастаҳои мунтахаби Уммон ва Тоҷикистон бозии ҷавобии рафиқона анҷом медиҳанд, ки соати 19:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.