ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Варзишкори номии тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар мусобиқаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад, хабар додааст Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқаи ҷаҳонии устодони дзюдо "Guangzou Judo Masters 2018", ки 15-16 декабр дар шаҳри Гуанжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад.
Дзюдокори тоҷик дар вазни 90 кг сабуқат хоҳад кард.
Дар мусобиқаи ҷаҳонии "Guangzou Judo Masters 2018" иштироки 234 нафар гӯштингир (119 мард ва 115 зан) аз 53 кишвари панҷ қитъаи олам дар назар аст.
Мусобиқа дар 7 вазн байни мардон (-60,-66,-73,-81,-90,-100,+100 кг) ва дар 7 вазн миёни занон (-48,-52,-57,-63,-70,-78,+78 кг) баргузор мешавад.