"Беэҳтиромӣ": кордкашии муҳоҷири тоҷик сӯи ҳамватан барои накашидани пойафзол

© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымТуфель
Туфель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Жуковскийи вилояти Брянск як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистонро барои кордзанӣ ба синаи ҳамкору ҳамватани ҷавонаш ба 3 соли зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои додситониии вилояти Брянск, додгоҳ муҳоҷири тоҷикро дар қасдан расондани зарари вазнини таҳдидовар ба ҳаёти инсон гунаҳкор донистааст.

Такси, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ надорӣ таксӣ нарон: меъёри нав ба қонунгузории танзими “таксӣ” дар Русия

Манбаъ афзуд, зимни мурофиаи додгоҳӣ муайян шудааст, шоми 18-уми сентябри соли равон миёни маҳкумшуда ва ҳамкору ҳамватани 27-солааш дар ҷои корашон – коргоҳи коркарди чӯб дар деҳаи Петуховкаи ноҳияи Жуковск муноқиша рух додааст.

Ба иттилои додситонӣ,  зимни муноқиша маҳкумшуда бо корд ба синаи ҷавони 27-сола зарба задааст.

Додситонии Брянск афзуд, сабаби муноқиша дар он будааст, ки муҳоҷири ҷавон пойпӯшро накашида, вориди утоқашон шудааст. Марди 51-сола инро беэҳтиромӣ қабул кардаасту сӯи ҳамкор корд кашидааст.

Додгоҳ муттаҳамро дар расондани зарари вазнин ба саломатӣ гунаҳкор дониста, ба 3 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

Лентаи хабарҳо
0