ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Парвина Саидова, модели шинохтаи тоҷик, мехоҳад ҳунари худро дар синамо бисанҷад.
Парвина дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар назар дорад, ки дар филми "Гавҳар — раҳнамои амазонкаҳо" нақш офарад. Барои ин вай аллакай худро дар рӯйхати ҳунарозмоӣ (кастинг) худро номнавис кардааст.
Вай мегӯяд, созандагони филми "Гавҳар" ӯро дар яке аз нақшҳои аслии филм дидан мехоҳанд.
Парвина Саидова — машҳур ба зебосанами серфарзанд, порсол хабар дод, ки ҷашни арӯсӣ дорад. Вай афзуда буд, феълан ҳамсараш барои идомаи касбаш розӣ нест.
"Бале, аз ҳамсарам иҷозат гирифтам. Вай розӣ аст, ки ман дар синамо низ ҳунари худро санҷам",- гуфт ӯ.
Чанде пеш ҳаводоронии Паврина ӯро дар намоҳанге диданд, ки бо дастгирии Беҳрӯз Зеваров барои суруди "Аладдин" сабт карда буд.
Парвинабону мегӯяд, ин нахустин таҷрибааш дар синамо нест ва пештар низ дар филми "Аз ман нарав" нақш офарида буд.
"Бале, аз ҳамсарам иҷоза"
Вай гуфт, феълан аз фаъолият ҳамчун модел мураххасӣ гирифтааст.
"Вақт нишон медиҳад, ки ман дар саҳна мемонам ва ё дар экран. Ман, ки як бор ҳунарамро дар синамо санҷидам, хело писандам омад", — таъкид кард вай.
Филми "Гавҳар — раҳнамои амазонкаҳо" дар бораи қиссаи 40 духтарест, ки замоне дар Самарқанд қаҳрамонона марзи худро ҳифз карда буданд.
Дар нақши асосӣ Гавҳар — роҳбари духтарон, ки ба муқобили душман далерона мубориза мебарад.
Созандагони филм духтаронеро, ки мехоҳанд дар нақшофарӣ низ далерӣ нишон дода, савор бар асп шамшерзаниву найзаафканӣ кунанд, барои ҳунарозмоӣ ё кастинг даъват мекунанд.