Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар садамае, ки дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух дод, ронандаи автомашинаи ба бемористон бистарӣ шуда мусофири дохили мошин ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik.  Дар натиҷаи садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд як мусофири дохили худрав ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Дорога Душанбе-Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати Музаффар Ҷабборов дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҷойи садама

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 12-уми декабри соли равон, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Эланра”, Холзодаи Оятулло, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ баромада, ба бетон бархӯрдааст. 

“Дар натиҷа, ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда, мусофири дохили автомашинаи мазкур Сафарова Анорбӣ, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Муъминобод, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - хабар додааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир кормандони ВУД-и Тоҷикистон нисбати ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

 

Лентаи хабарҳо
0