Ҳалокати Музаффар Ҷабборов дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҷойи садама

© Sputnik / Амир ИсаевДорога Душанбе-Худжанд. Архивное фото
Дорога Душанбе-Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуфта мешавад ронанда аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон пиёдагардеро зер кардааст

ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар шаҳороҳи Душанбе-Хуҷанд дар пайи садамаи маргбор як ҷавони 25-сола кушта шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 21 сентябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти шаҳристон рух додааст.

Гуфта мешавад, ронанда Мунири Алиаҳмад, соли таваллудаш 1993 ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳ аз ӯҳдаи идораи худрав баромада натавониста, пиёдагард Музаффар Ҷабборови 25-соларо пахш кардааст. Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, Музаффар сокини ноҳияи Панҷакент будааст.

Мутааасифона, дар пайи садама ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0