ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар Душанбе мудири филиали ширкати телевизион ва радиои "Мир" Қудрат Афардӣ вафот кард.
Мудири ширкат дар синни 44-солагӣ дар пайи якбора аз кор мондани қалбаш вафот кардааст.
Қудрат Афардӣ — писари рӯзноманигор ва адиби машҳури тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ буд. Ин адиби машҳури Тоҷикистонро дар соли 2000-ум дар назди манзилаш кушта буданд.
Қудрат Афардӣ солиёни зиёд дар Душанбе филиали МТРК "Мир"-ро роҳбарӣ мекард.
Бино бар маълумоти пешакӣ, далели вафоти рӯзноманигор аз кор мондани нобаҳангоми қалбаш гаштааст. Қудрат Афардиро фардо, 18 август дар Душанбе ба хок месупоранд.