Зарба ба обрӯйи давлат: нигаронии Назаров ва масъулини дигар аз истифодаи "допинг"

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури ТоҷикистонВарзишкор Дилшод Назаров, Беҳрӯз Хоҷазода, Дилшод Ҷӯраев ва ғолиби озмуни зеҳнӣ Ёсуман Холова
Варзишкор Дилшод Назаров, Беҳрӯз Хоҷазода, Дилшод Ҷӯраев ва ғолиби озмуни зеҳнӣ Ёсуман Холова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Истифодаи доруҳои мамнуъ аз ҷониби бархе варзишгарони Тоҷикистон мояи нигаронии роҳбарияти бахши варзиши кишвар гардидааст

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи машваратии масъулини федератсияҳои варзишӣ ва мураббиён, ки таҳти раёсати Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Муҳаммадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи олимпии Тоҷикистон баргузор гардид, истифодаи доруҳои мамнуъ маҳкум шудааст.

Зарядка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Варзиш, театр, савганд: усули нави зиндагии кормандони давлатии Тоҷикистон

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, масъулин нақшаи ягона барои дарёфти роҳхат ба бозиҳои олимпии Токио-2020 ва омодагии варзишгарони тоҷикро ба давраҳои интихобӣ баррасӣ намуда, диққати махсусро ба истифодаи доруҳои мамнуъ додаанд.

Кумита афзуд, зимни ҷаласа бо изҳори нигаронӣ зикр гардид, ки таи ду соли охир аллакай 5 варзишгари Тоҷикистон барои истифодаи доруҳои мамнуъ муттаҳам шуданд.

© Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанДилшод Назаров на совещании спортивной федерации Таджикистана
Зарба ба обрӯйи давлат: нигаронии Назаров ва масъулини дигар аз истифодаи допинг - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаров на совещании спортивной федерации Таджикистана

“Дар ин масъала мураббиён бояд бо варзишгарон кор баранд, бо рӯйхати доруҳои мамнуъ, ки дар сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ дастрас аст, шинос шаванд. Истифодаи доруҳои мамнуъ на танҳо бар зарари варзишгар аст, балки боиси коста шудани обрӯи давлат дар арасаи ҷаҳон мегардад”, - иттилоъ додааст Кумитаи миллии олимпӣ аз қавли ҳозирини ҷаласа.

Ноҳид Зайналпур дар фестивали фарҳанги миллатҳо Офтоби шарқ - Sputnik Тоҷикистон
Ноҳид Зайналпур: танҳо мусиқӣ ва варзиш метавонанд мардумонро бо ҳам бипайванданд

Дар ин ҳамоиш инчунин маблағгузории иштироки дастаҳои мунтахаби кишвар дар мусобиқаҳои интихобӣ барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 баррасӣ гардидааст.

Мусобиқаҳои интихобӣ аз рӯи баъзе намудҳои варзиш алакай оғоз гардиданд. Мусобиқаҳои интихобӣ аз рӯи аксари намудҳо соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

Раёсати бахши варзиши кишвар федератсияҳо ва мураббиёнро муваззаф кардааст, ки  варзишгарон ба мусобиқаҳо ҷиддӣ омодагӣ бубинанд ва барои дарёфти роҳхат талош кунанд.

Лентаи хабарҳо
0