ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Дар Маскав ҷашнвораи фарҳангии "Офтоби Шарқ" баргузор гардид, ки дар он 37 гурӯҳи мусиқӣ аз 14 кишвар ширкат карданд. Тоҷикистонро ба сокинони пойтахти Русия гурӯҳи рақсии "Гулчин" ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур муаррифӣ намуданд. Sputnik Тоҷикистон бо виолуннавози номдор, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ниҳод Зайналалпур дар бораи нақши мусиқӣ дар муттаҳид кардани миллатҳо суҳбат кард.
Навозандаи асил оҳангро аз рӯи нота наменавозад, балки созро эҳсос мекунад, бовар дорад Ноҳид Зайналпур. Ӯ бо мусиқии дилошӯби худ на танҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, балки сокинони шаҳри Маскавро низ ба рақс даровард.
"Мусиқӣ ҳолати руҳии инсон аст. Ман форсизабонам ва фарҳанги форсизабоон яке аз бузургтарин фарҳангҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ман фикр мекунам, ки Шарқ ба мусиқӣ наздиктар аст. Дар Эрон, масалан, камубеш дар ҳар хонаводае як нафаре пайдо мешавад ки бо ягон асбоби мусиқӣ шинос аст ва албатта ягон созеро менавозад, ки инро ман дар дигар кишварҳои ҷаҳон чун дар Олмон ва Швейсария мушоҳида накардам", — гуфт навозанда.
Солҳои кӯдакӣ ҳангоме, ки устодони Ноҳид Зайналпур шунавоии ғайриоддии ӯро кашф карданд, дарҳол ба волидайнаш маслиҳат доданд, то ӯро ба мактаби мусиқӣ ба ғижжакнавозӣ диҳанд. "Ин асбоби хеле мушкил аст. Шуновоии комил хеле муҳим аст. Ман дигар асбобҳоро низ менавозам, вале ғижжак-ин ихтисоси ман аст",-изҳор дошт Ноҳид.
Ба хондани суруд Ноҳид кӯшиш накардааст: "Ҳолати ботинии маро ғижжак берун мекунад. Асбоби ман аз номи ман менавозад. Буданд ҳолатҳое, ки ҳамовозӣ мекардам, вале фаъолияти сарояндагиро пеша карданӣ нестам: агар Худо ба ман ин касбро дода бошад, аз ин зиёд талаб кардан нисбати асбоби дӯстдоштаам хиёнат мешавад. Чун ман навохтани ғижжакро дӯст медорам ва халқ маро ҳамчун ғижжакнавоз қабул кард, суруд хондан бароям чӣ лозим? Шукри Худо сарояндагон зиёданд. Ман то охир дар роҳи худ устувор мемонам".
Эълони фестивалро Ноҳид дар шабакаи интернет аз Facebook дарёфт карда, дарҳол бо ташкилкунандагони чорабинӣ дар тамос шуда, кӯмаки худро пешниҳод кардааст. "Мусиқӣ ва варзиш халқиятҳои гуногунро бо ҳам меоранд. Чунин фестивалҳо-миёни миллатҳои гуногун купруки дӯстӣ месозанд. Солҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба ёд меоянд, замоне, ки ҳамаи халқиятҳо дар рӯи як саҳна баромад мекарданд. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки шиносоӣ бо фарҳанги дигар халқиятҳо хеле муҳим аст, инсон бояд ҷаҳонбинии худро васеъ намояд. Чи қадаре, ки чунин фестивалҳо зиёд бошанд, ҳамон қадар хуб аст",-қайд кард навозанда.
Ба гуфти ӯ тамошобинони русзабон аз мусиқӣ хуб истиқбол мекунанд. "Бисёриҳо дар консертҳо ба рақс медароянд. Ғижжак ба ҳамаи халқиятҳо таъсири якранг дорад. Беҳуда ғижжакро маликаи мусиқӣ нагуфтаанд. Мусиқӣ сарҳад ва забон надорад. Агар ӯ ба дили одам ҷой шавад, фақр надорад, ки мусиқии африқоист ё балтикӣ".
Чанде қабл Ноҳид Зайналпур ба ватан рафта буд-дар зодгоҳаш навозанда 7 сол набудааст: "Ба кӯҳҳо, дарёҳо, табиат ва меваҳои диёрам бисёр пазмон шудам. Даҳ рӯз ман бе асбоб будам. Мутаасссифона дастон бе навозиш зуд одат мекунанд. Ду-се ҳафта барои шах шудани ангуштон басанда аст".
Рақсро таҳти мусиқии Ноҳид Зайналпур ансамбли "Гулчин" иҷро кард. "Мо қариб, ки ҳар ҳафта баромад мекунем. "Гулчин" ягона ансамбли рақсӣ дар Маскав мебошад ва моро ба ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ барои нишон додани санъати кишварамон даъват мекунанд. Ҳамватанони мо дар Русия пазмони мусиқии тоҷикӣ ҳастанд ва ҳангоме, ки онҳо садои мусиқии тоҷикиро мешунаванд дарҳол ба рақс медароянд. Фестивалҳое чун "Офтоби шарқ" мардуми гуногунро мутаҳҳид менамояд",-гуфт зимни мусоҳиба бо Sputnik роҳбари ансамбл Фарҳод Ҷонмаҳмадзода.
"Барои ман мавзӯъи дӯстии халқо бисёр муҳим аст. Ман қаҳрамонии худро худро дар он мебинам, ки дар Маскав зери осмони софу беғубор 14 ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд. Ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки намояндагони кишварҳои зиёд изҳори омодагӣ барои иштирок дар фестивал мекунанд. Мусиқӣ пайвандгари ҳамагон аст",-изҳор дошт яке аз ташкилкунандагони фестивал Любов Завялова. Ба қавли ӯ дархости баргузории фестивал дар соли оянда аллакай ҳаст, пас бояд омода шуд.